Рио- 2016: Усейн Болт чемпиони ҳафткаратаи олимпӣ гардид!

Август 15, 2016 12:02

Душанбе, 15.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия варзишгари ямайкагӣ Усэйн Болт чемпиони ҳафткаратаи олимпӣ  гардид. Дар ин бора  ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи  миллии олимпии  Тоҷикистон  хабар доданд. Ӯ рӯзи 14 август дар давидан ба масофаи 100 метр бо натиҷаи 9,81 сония медали тилло ба даст овард.Ҷойи дуюмро  варзишгари амрикоӣ Ҷастин Гатлин (9,89) ва ҷойи сеюмро  варзишгари канадагӣ Андре де Грассе (9,91) гирифтанд. Баъд аз натиҷагирии рӯзи нӯҳуми мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар ҳисоби умумидаставӣ мисли пешин дар садри феҳристи кишварҳои ҷоизадори олимпӣ дастаи мунтахаби ИМА бо 69 медал (26 медали тилло, 21 медали нуқра ва 22 медали биринҷӣ) қарор дорад. Британияи Кабир бо 37 медал (15 медали тилло, 15 нуқра ва 7 биринҷӣ) ба ҷои дуюм баромад. Вале Чин бо 45 медал (15 медали тилло, 13 медали нуқра ва 17 медали биринҷӣ) ба ҷои сеюм фаромад. Ба даҳгонаи беҳтарин инчунин Русия (9-11-10), Олмон (8-5-4), Фаронса (7-8-7), Италия (7-8-6), Ҷопон (7-4-15), Австралия (6-8-9) ва Кореяи Ҷанубӣ (6-3-5) дохиланд.
Умуман то ҳоло варзишгарони 69 кишвар медалҳои олимпии Рио-2016-ро ба даст овардаанд. Варзишгарони 48 кишвар барандагони медалҳои тиллои Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ шудаанд. Аз миёни кишварҳои собиқи Шӯравӣ ба ҷуз Русия, боз нӯҳ кишвар — Қазоқистон (2 медали тилло, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ,  ҷойи 16-ум), Беларус (1 медали тилло, 2 медали нуқра ва 1 медали бириҷӣ, ҷои  29-ум), Узбекистон (1 медали тилло ва 4 медали биринҷӣ  ҷойи 39-ум), Украина (3 медали нуқра ва як биринҷӣ,  ҷойи 49-ум), Озарбойҷон (2 медали нуқра,  ҷойи 50-ум), Литва (1 медали нуқра ва 2 биринҷӣ,  ҷойи 52-юм), Гурҷистон (1 медали нуқра ва 1 биринҷӣ,  ҷойи 53-юм), Қирғизистон (1 медали биринҷӣ,  ҷойи 65-ум) ва Эстония (1 медали биринҷӣ,  ҷойи 65-ум) ба гирифтани медалҳои олимпии Рио мушарраф гаштаанд.
Вале аз миёни кишварҳои собиқи Шӯравӣ дар Олимпиадаи Рио то ҳоло варзишгарони панҷ кишвар — Арманистон, Латвия, Молдова, Тоҷикистон ва Туркманистон — медал ба даст наовардаанд. Дастаи мунтахаби Узбекистон дар рӯзи нӯҳуми бозиҳо соҳиби аввалин медали тилло гардид. Муштзан Ҳасанбой Дӯсматов дар сабқати бокс дар вазни то 49 кило ба унвони қаҳрамони олимпӣ мушарраф гашт.
Дар мусобиқоти вазнбардорӣ варзишгарони эронӣ Рустами Киёнуш (то 85 кг) ва Сӯҳроб Муродӣ (то 94 кг) барандагони медалҳои тиллои Олимпиадаи Рио шуданд.
Ёдовар  мешавем, ки  Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия то 21 август идома мекунанд.

Август 15, 2016 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад