Роҳе, ки марзҳо ва қалбҳоро ба ҳам мепайвандад

Август 19, 2016 09:38

(Боздиди рӯзноманигорон аз  сохтмони роҳи мошингарди «Кӯлоб- Қалъаи Хумб»,  қитъаи «Шамсиддин Шоҳин- Шоҳон»)

«Ҳадафи асосии сиёсати стратегии роҳсозии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- ин аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар мебошад».

                                                                      Эмомалӣ Раҳмон

 Душанбе, 19.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии  Тоҷикистон гурӯҳи намояндагони воситаҳои ахбори омма бо  ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингарди «Кӯлоб- Қалъаи Хумб»,  қитъаи «Шамсиддин Шоҳин- Шоҳон» шинос гардиданд. Сӯҳроб Мирзоев,  муовини аввали вазири нақлиёти ҷумҳурӣ, ки ҷараёни корҳои сохтмониро дар қитъаи «Шамсиддин Шоҳин- Шоҳон» назора мекард, зимни суҳбат дар шаҳраки роҳсозон ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Кӯлоб- Қалъаи Хумб,  қитъаи «Шамсиддин Шоҳин- Шоҳон» панҷ сол муқаддам, соли 2011 оғоз гардида,  алҳол корҳои сохтмонӣ дар ин масир дар сатҳи баланд ҷараён доранд. Арзиши умумии  лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди «Кӯлоб- Қалъаи Хумб»,  қитъаи «Шамсиддин Шоҳин- Шоҳон» 86,7 миллион доллар буда, дар ин муддат беш аз 57 миллион доллар маблағ аз худ карда шудаанд. Лоиҳаи сохтмони роҳи қитъаи «Ш. Шоҳин- Шоҳон» аз ҳисоби қарзи имтиёзнок,  асосан аз  ҳисоби Бонки исломии рушд ва  Фонди рушди Саудӣ 20 миллион долларӣ, Фонди Кувайт- 17 миллион доллар, Фонди Абудабӣ -15 миллион доллар, Фонди ОПЕК-13 миллион доллар сохта мешавад. Саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи ин тарҳ  7 миллиону 900 ҳазор долларро ташкил медиҳад.

Роҳсозон асосан сокинони маҳаллианд

DSC_1075Дар татбиқи ин тарҳ ширкатҳои роҳсозии  «Агат Тигар»-и  Туркия пудратчӣ ва «Чайна Роуд» -и Чин зерпаймонкори татбиқи ин лоиҳа буда, инчунин ширкатҳои роҳсозии маҳаллӣ низ фаъолияти пурсамар доранд.  Масофаи  сохтмони қитъаи роҳи «Ш. Шоҳин-Шоҳон» 40 км ва паҳнояш 8 метрро ташкил дода, аз рӯи меъёр  бо ду қабат асфалт дар дараҷаи сеюм сохта шуда, ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ арзёбӣ мегардад.  Дар бунёди қитъати роҳи «Ш. Шоҳин-Шоҳон»  760 нафар кормандону мутахассисон ва роҳсозон дар ду баст фаъолияти  пурсамар доранд.

Сӯҳроб Мирзоев гуфт, ки аз шумораи умумии мутахассисону роҳсозон  наздик ба 630 нафарашон  аҳолии маҳаллӣ, асосан сокинони ноҳияи Ш. Шоҳин ва шаҳри Кӯлоб мебошанд, ки бо маоши хуб таъминанд. Инчунин барои татбиқи ин тарҳ 250 адад техникаи роҳсозӣ ва мошинҳо сафарбар гардида, барои вусъати корҳои сохтмонӣ дар масири қитъаи «Ш. Шоҳин-Шоҳон» ду корхонаи истеҳсоли асфалт, иншооти сангмайдакунӣ ва  5 корхонаи бетон кор мекунанд. Инчунин дар сохтмони қитъаи «Ш.Шоҳин-Шоҳон» 11 пул бо масофаи беш аз 1100 метр дарозӣ сохта мешаванд, ки яке аз онҳо дар даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб бунёд мегардад. Алҳол се пул  пурра сохта шудаанд.

 Сохтмони иншооти обпартоӣ ба анҷом расонида мешавад

DSC_1002Бояд тазаккур дод, ки барои бехатарии роҳ, хусусан сохтмони деворҳои муҳофизатӣ 10% -и мабалағҳои лоиҳа масраф мегардад.  Дарозии  деворҳои муҳофизатӣ  7 ҳазор метрро  ташкил дода, 1300 метри он дар қисмати   болоӣ ва 5700 метраш дар қисмати поёнии роҳ бунёд карда мешаванд. Зимни боздид аз қисматҳои гуногуни сохтмони қитъаи роҳи «Ш. Шоҳин- Шоҳон» аён гардид, ки сохтмони иншооти обпарто, ҷӯйборҳо, бунёди деворҳои муҳофизатӣ босуръат идома дошта, дар минтақаи «Ш. Шоҳин» то нимаи аввали моҳи сентябр корҳои хобонидани асфалт ва дар километрҳои 30 ва 34-ум корҳои кандани хок ба анҷом расонида мешаванд. Ҳамзамон дар ин масир шинонидани қубурҳои калонҳаҷм идома дорад. Дар маҷмӯъ, тибқи иттилои намояндаи масъули  Вазорати нақлиёти кишвар,  то охири сентябр корҳои насб ва сохтмони иншооти обпарто дар ин тарҳ анҷом меёбанд.

Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ин масир рӯзона маҳдуд мегардад

DSC_0984Муовини аввали вазири нақлиёти  кишвар дар суҳбати сарироҳӣ ба хабарнигорон гуфт, ки километрҳои  38 ва 40-уми  ин тарҳ бо сабаби мавқеияти  ҷуғрофии минтақаи баландкӯҳ, дар баландии  ду ҳазор метр аз сатҳи баҳр қарор дошта, вазнин арзёбӣ мегарданд. Дар ин масир қариб 300 ҳазор ҳаҷми кор   боқӣ мондааст. Алҳол аз ҷониби зерпудратчӣ таҷҳизоти сӯрохкунанда,  тарконанда  ва хокканак, ки беш аз 10 ададро ташкил медиҳанд,  ба ин минтақа оварда шуда, кор дар ду баст босуръат идома дорад.  Бо назардошти вусъати ҳар чӣ бештари корҳои сохтмонӣ дар ин масир, халал наёфтани фаъолияти роҳсозон ҳангоми асфалтхобонӣ шурӯъ аз 20 август дар асоси дастури  Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилии кишвар ҳаракати воситаҳои нақлиёт рӯзона аз соати 6:00 то 12:00 манъ карда шуда,  аз соати 12: то 13  роҳ  барои ҳаракат боз мегардад. Шабона ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ин масир бемамониат идома меёбад.

Роҳсозон аз масолеҳи сохтмонии маҳаллӣ  истифода менамоянд

DSC_1073Дар посух ба ин савол, ки оё дар бунёди қитъаи роҳи «Ш. Шоҳин-Шоҳон» масолеҳи сохтмонии ватанӣ истифода мешавад, муовини аввали вазири  нақлиёти кишвар Сӯҳроб Мирзоев гуфт, ки: «таҷҳизоти оҳанӣ, арматура ва битум аз хориҷа,  асосан аз  Русия ва Қазоқистон,  қуму шағал ва семент аз корхонаҳои сементбарории  Душанбе ва ноҳияи Ёвон ва табиати маҳал дастрас карда мешаванд. Ҳар рӯз қариб барои тақвияту пешрафти корҳои роҳсозӣ дар ин қитъа то 200 тонна семент аз корхонаҳои кишвар ворид мегардад. Қабл аз истифодаи масолеҳи сохтмонӣ он дар озмоишгоҳ аз ҷониби мутахассисон ташхис карда шуда, сатҳи  то чӣ андоза ба сардӣ ва иқлими кӯҳистон тобовар ва мутобиқ будани  масолеҳи сохтмонии барои  бунёди ин қитъаи роҳ истифодашаванда мушаххас мегардад.

 

Барои  ободию шукуфоии Ватан  меҳнат  кардан шараф аст

DSC_0947«Дар Ватан ва барои ободию шукуфоии сарзаминамон- Тоҷикистон меҳнат кардан шараф аст»,- мегӯяд  яке аз мутахассисони ҷавони  роҳсоз Ризвон Суфиев, ки саргарми кор буд. Мавсуф зодаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин буда, солҳои пеш ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ ба Русия мерафт. Ҳоло  дар баробари дигар ҷавонони маҳаллӣ  дар сохтмони қитъаи роҳи «Ш. Шоҳин-Шоҳон» сарбаландона кор мекунад. Ба андешаи ин ҷавони роҳсоз ҳар як фарди ватандӯст  бояд дар ободонию пешрафти кишвар, хусусан дар бунёди роҳу пулҳо ва дигар иншооти муҳими стратегӣ, ки барои пешрафту рушди иқтисодиёти кишвар мусоидат мекунанд,  саҳми муносиб гузорад. Ризвон Суфиев мегӯяд, ки мо ҷавонони зодаи Истиқлолият аз он ифтихор дорем, ки маҳз бо шарофати ин неъмати бузург-  Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварамон  иншооти бузург, хусусан шоҳроҳҳое, ки кишвари моро ба давлатҳои ҳамҷавор мепайванданд,  бунёд гардиданд, зеро сохтмони роҳ- ин ободию пешрафт ва таъмини ваҳдати миллӣ аст.  Мавсуф гуфт, ки ҷавонони маҳаллӣ дар радифи мутахассисону роҳсозони турку чинӣ фаъолият доранд ва нозукиҳои пешаи роҳсозиро аз онҳо меомӯзанд.

DSC_1125Мавриди зикр аст, ки дар сохтмони қитъаи роҳи «Ш. Шоҳин-Шоҳон»   85 фоизи роҳсозон  аҳолии маҳаллӣ буда, мутахассисону муҳандисони Чин беш аз 100 нафар ва Туркия  25 нафарро ташкил дода, инчунин се мушовир ҳам фаъолият доранд. Ҳамзамон дар ин масир сутунҳои ишоратӣ, харита  ва дигар аломатҳои вобаста ба танзими ҳаракати  воситаҳои нақлиёт насб карда мешаванд. Инчунин дар атрофи қитъаи роҳи «Ш. Шоҳин- Шоҳон»  ҷойҳои махсус ҷудо карда шудаанд, ки дар онҳо марказҳои гуногуни хизматрасонӣ, истироҳатӣ, меҳмонхона,   нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ  ва ғайра сохта мешаванд.

Интизор меравад, ки то охири соли равон  сохтмони роҳи мошингарди «Кӯлоб- Қалъаи Хумб»,  қитъаи «Шамсиддин Шоҳин- Шоҳон»  ба анҷом расонида шавад ва он қадами муҳимест дар самти амалӣ гардонидани яке аз се ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ.

Марзия Саидзода, хабарнигори АМИТ  «Ховар».

Август 19, 2016 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Сангвор 17 манзили истиқоматӣ супорида шуд
COP29 бо қадамҳои муҳим дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва лоиҳаи нави маблағгузорӣ ба анҷом расид
Мактаб–интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим ва Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон бо гармӣ таъмин мебошанд
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Чӣ тавр ёварони овозӣ дар ҳолатҳои гуногуни зиндагӣ кумак мекунанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Бо сокинони Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
«ВАРЗИШГАРОН – ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав тозакунии каналу заҳбур ва заҳкашҳо оғоз шуд
Бунгоҳи тиббӣ ва бинои маъмурии Маркази миллии таълимӣ барои омодасозии наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба истифода дода шуд
ТОҶИКОН АЗ ОҒОЗИ ТАЪРИХ МИЛЛАТИ ПАРЧАМДОР БУДАНД. Андешаҳои корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ
«Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе!». Дар ноҳияи Шоҳмансур ғолибони даври ноҳиявии озмун ҳавасманд гардонида шуданд