Роҳҳои ҳалли масъалаҳои сайёҳии вилояти Суғд баррасӣ мешаванд
Душанбе, 13.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. 16 август дар шаҳри Хуҷанд конфронси миллии сайёҳӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон ҷавҳари кашфношуда: мушкилот ва дурнамо» баргузор мегардад.
Конфронс аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ бо мақсади мусоидат намудан ба устувории рушди туризм ва ҷалби таваҷҷуҳи доираи намояндагони бахши хусусӣ, аз ҷумла ширкатҳои сайёҳӣ барои фаъол гардонидани хатсайрҳои туристӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии соҳаи сайёҳӣ гузаронида мешавад.
Масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҷараёни конфронс роҳҳои ҳалли масъалаҳои сайёҳии вилояти Суғдро якҷоя бо мақомоти маҳаллӣ баррасӣ менамоянд.
Дар заминаи конфронс бегоҳии ҳамон рӯз дар Боғи ба номи Камоли Хуҷандии Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» намоиши ҳунарҳои мардумии шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор мешавад.
Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ хабар доданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






