Роҳу усулҳои пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ шарҳ дода шуд

Август 5, 2016 11:27

Душанбе, 05.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо кормандони ин идора доир гардид
Тавре аз Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа хабар доданд, дар вохӯрӣ муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»,  «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», мафҳуми муқовимат бо коррупсия, роҳу усулҳои пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ, дарки амиқи зарару оқибати ногувори он, мубориза бар зидди тасарруфи маблағҳои буҷетӣ, сӯиистифода аз мансаб ва тамаъҷӯию дигар омилҳои коррупсионӣ шарҳу тавзеҳ дода шуданд.
Зикр гардид, ки мубориза бо коррупсия кори дастаҷамъона буда, самаранокии муқовимат ба он аз иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ дар ҳамоҳангсозӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ натиҷаҳои дилхоҳ  дода, пеши роҳи ин амалҳои номатлуб гирифта мешавад.

Август 5, 2016 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад