Рушди иқтисодӣ-иҷтимоии ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон

Август 8, 2016 11:55

Душанбе, 08.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иҷрои лоиҳаи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон (LITACA) 25 нафар занону духтарони имконияташон маҳдуд аз деҳаи Файзободи ҷамоати деҳоти Даштигулои ноҳияи Ҳамадонӣ бо кори доимии дузандагӣ ҷалб шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар»  Соҷидамо Тағаева – мутахассиси Дафтари минтақавии Барномаи рушди СММ дар минтақаи Кӯлоб иттилоъ дода, зикр намуд, ки муҳлати иҷроиши лоиҳаи мазкур солҳои 2014 — 2017-ро дар бар гирифта, бо дастгирии молиявии Ҳукумати Ҷопон тавассути агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилилӣ (JICA) маблағгузорӣ гардидааст. Лоиҳаи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон (LITACA) дар ноҳияҳои наздисарҳадии Шамсиддин Шоҳин, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва Фархор тавассути идораи минтақавии Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид дар шаҳри Кӯлоб амалӣ мегардад.

Ба иттилои С.Тағаева, ҳадафи лоиҳа таҳкими субот ва амният дар 8 ноҳияҳои наздисарҳадии вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилоятҳои Қундуз ва Тахори Афғонистон бо роҳи беҳтаргардонии некуаҳволӣ ва устувории иҷтимоии деҳаҳои наздисарҳадӣ буда, аз ду қисмат: баланд бардоштани имкониятҳои идоракунии равандҳои рушди маҳал ва беҳтар намудани фазои ҳамкории наздисарҳадӣ иборат аст. Аз ҷумла бо назардошти талабот ва эҳтиёҷоти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Ҳамадонӣ ва Фархори минтақаи Кӯлоб бо таҷҳизоти зарурии компютерӣ (компютер, ноутбук, принтер, проектор, модем, суратгир ва ғ.) таъмин карда шуда, бо намояндагони бахши иқтисод, молия, амвол, сармоягузорӣ, кишоварзӣ ва соҳибкории хусусии се ноҳияи наздисарҳадӣ дар мавзӯъҳои идоракунии стратегии маҳал, ҷалби захираҳо барои рушди маҳал, таҳияи лоиҳаҳо барои рушд курсҳои омӯзишӣ ва табодули таҷриба баргузор карда шуданд.

Дар ин давра дар ҳамкорӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияҳои Ш.Шоҳин, Ҳамадонӣ ва Фархор барои солҳои 2016 – 2020 таҳия гардиданд. Мавриди зикр аст, ки дар ҳайати кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон (LITACA) муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ, муовини вазири барқарорсозӣ ва рушди деҳоти Афғонистон, роҳбари агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилилӣ (JICA) ва директори кишварии Барномаи Рушди СММ шомиланд, ки дар як сол ду маротиба бо ҳисоботи гурӯҳҳои кории лоиҳаро оид ба иҷрои бандҳои лоиҳа шинос шуда, нақшаҳои навро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Аллакай дар давоми як соли амалишавии лоиҳа дар бахши маориф зерлоиҳаҳои зерин: сохтмонҳои 5 синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии №3 н.Фархор, рақами 49 н. Ҳамадонӣ, рақами 34 н. Фархор, мактаби деҳаи Сафедоби ҷамоати деҳоти Даштиҷум ва таъмири мактаби рақами 25 н. Шамсиддин Шоҳин, ба маблағи умумии 489,430 доллари ИМА ба анҷом расиданд.

Ҳамчунин, дар бахши тандурустӣ ба маблағи умумии  502 ҳазору 234 доллари ИМА даҳ бунгоҳҳои тиббӣ дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳияҳои наздисарҳадии Ш.Шоҳин, Ҳамадонӣ ва Фархор сохта шуда, бо таҷҳизоти муосири зарурии тиббӣ ба истифода дода шуданд.

Дар бахши иҷрои қисмати дуюми Лоиҳа – беҳтар намудани фазои ҳамкории наздисарҳадӣ хати интиқоли неруи барқ ба масофаи 2500 метр (10кВ ва 0,4кВ) ба бозори наздисарҳадии деҳаи Шоҳони ҷамоати деҳоти Даштиҷуми ноҳияи Ш.Шоҳин сохта ба истифода дода шуда, дар ҳамкорӣ бо Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шарикони рушд Форуми соҳибкорон ва намоишгоҳи молу маҳсулоти «Хатлон — 2016» дар шаҳри Кӯлоб гузаронида шудааст.

Ба иттилои С.Тағаева бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани занону духтарони имконияташон маҳдуд марҳалаи ибтидоии беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ буда, дар назар дошта шудааст, ки то ба анҷоми Лоиҳаи LITACA боз садҳо нафар сокинон бо корҳои мавсимӣ ва доимӣ фаро гирифта мешаванд. Барои расидан ба ин ҳадаф 174 нафар сокинони се ноҳия ба омӯзиши касбҳои дӯзандагӣ, боғпарварӣ, барқчӣ, кафшергари барқӣ, бофандагӣ фаро гирифта шуда, 91 нафар занон бо коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, қаннодӣ, парвариши маҳсулоти кишоварзӣ дар саҳро ва гармхона омӯзонида шуданд.

Бо мақсади таъмини Ассотсиатсияҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ бо таҷҳизоти техникии кишоварзӣ маблағҳои алоҳида ҷудо гардида, барои ба бозори дохилӣ баровардани маҳсулоти кишоварзони ноҳияҳои наздисарҳадии минтақаи Кӯлоб чораҳои мушаххас роҳандозӣ шудаанд.

Август 8, 2016 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ соҳиби бинои нав мегарданд
ФИЛМИ ҲУНАРИИ «ВИҶДОН». Дар пасманзари он маконҳои зебои сайёҳиву ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон меборад
Иштирокдорони ҳамоиш дар Душанбе ҷойгоҳи Айнӣ дар ташаккули мафкураи миллиро баррасӣ намуданд
РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Бахшида ба он дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе дар мавзуи «Маърифати ҳуқуқӣ-омили муҳими таҳкими давлатдории миллӣ» конфронси байналмилалӣ доир шуд
Мафкураи солим ва дониши мукаммал омили муҳими рушди устувор ва амнияти ҷомеа мебошад
27-28 апрел дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ пешгӯӣ мешавад
Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид