Рушди мақомоти гумрук дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 16, 2016 12:06

 Душанбе, 16.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ба  ифтихори  ҷашни 25-солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон китоберо таҳти унвони  «Рушди мақомоти гумрук  дар даврони истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз чоп баровард.
Дар пешгуфтори китоб андешаҳои сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия  Абдуфаттоҳи Ғоиб доир ба рушди мақомоти гумруки кишвар дар солҳои истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар таъмини амнияти иқтисодии кишвар ҷой дода шудааст. Ҳамзамон дар маҷмӯа маводи иштирокдорони  конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ, ки ба истиқболи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд, бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ  гирдоварӣ шудаанд.
Маҷмӯа барои кормандони мақомоти гумрук, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, вазорату идораҳои марбутаи кишвар, кормандони илмӣ, донишҷӯёни макотиби олӣ, тоҷирону соҳибкорон ва  дар маҷмӯъ барои доираи васеи хонандагон тавсия карда мешавад.

Август 16, 2016 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад