Рушди мақомоти гумрук дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Душанбе, 16.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон китоберо таҳти унвони «Рушди мақомоти гумрук дар даврони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз чоп баровард.
Дар пешгуфтори китоб андешаҳои сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Абдуфаттоҳи Ғоиб доир ба рушди мақомоти гумруки кишвар дар солҳои истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар таъмини амнияти иқтисодии кишвар ҷой дода шудааст. Ҳамзамон дар маҷмӯа маводи иштирокдорони конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ, ки ба истиқболи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд, бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ гирдоварӣ шудаанд.
Маҷмӯа барои кормандони мақомоти гумрук, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, вазорату идораҳои марбутаи кишвар, кормандони илмӣ, донишҷӯёни макотиби олӣ, тоҷирону соҳибкорон ва дар маҷмӯъ барои доираи васеи хонандагон тавсия карда мешавад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






