Садамаҳои нақлиётии маргбор
Душанбе, 22.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. 19 августи соли равон тахминан соати 20:30 ронандаи мошини тамғаи «Газел», марди 44-солаи сокини шаҳри Бӯстон ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда, ба трактори тамғаи «МТЗ-82», таҳти идораи марди 32-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа ронандаи мошини тамғаи «Газел» ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин дар ҳамин рӯз, тахминан соати 21:30 ронандаи мошини тамғаи «Мерседес-Бенс», марди 30-солаи сокини шаҳри Гулистон, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Мастчоҳ-Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ бо сабаби корношоям гаштани чархи мошинаш ба дохили канали обгузар чаппа шудааст.
Дар ин ҳодисаи нохуши нақлиётӣ мусофирони мошин- ду нафар ҷавони 27 ва 28-солаи сокинони ноҳияи Мастчоҳ ба ҳалокат расидаанд.
Шаби 20 августи соли равон тахминан соати 00:20 ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», марди 48-солаи сокини ноҳияи Деваштич, ҳангоми ҳаракат дар километри 257-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба мошини тамғаи «Рено-переним-250» таҳти идораи марди 45-солаи сокини ноҳияи Спитамен бархурдааст.
Дар ин бархӯрд ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра» ва ду нафар мусофиронаш- ҷавонони 30-солаи сокинони ноҳияи Б.Ғафуров ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири дигари мошини мазкур, сокини 30-солаи ноҳияи Спитамен бо бардоштани ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ, дар беморхона бистарӣ шудааст.
Дар шаҳри Душанбе низ аз ҷониби кормандони милитсия як садамаи нохуши нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд. 20 август тахминан соати 20:00 ронандаи мошини тамғаи «Опел-Зафира», марди 66-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Шамсӣ ба тарафи кӯчаи Ғуломов дар рӯ ба рӯи терминали мусофиркашонии пойтахт қоидаҳои ҳаракати роҳро вайрон карда, пиёдагарди шахсияташ номаълум, тахминан 40-45 соларо пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








Ба истироҳатгоҳи «Ҳамсафар» зиёда аз 300 кӯдак ҷалб мешавад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои наврасону ҷавонон маҳфилҳои омӯзишӣ баргузор мешаванд
Дар Тоҷикистон 11 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт ба маблағи беш аз 1,1 миллиард доллар амалӣ мегардад
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ. Амнияту субот омили асосии рушди устувори давлатҳо ва зиндагии шоистаи инсоният ба ҳисоб меравад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Камтар гап мезанем, бештар менависем: чӣ гуна завқи муштариён тағйир меёбад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад






