«Садранги чакан»- озмуни ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Кӯлоб
Кӯлоб, 16.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар боғи марказии фарҳангию фароғатии шаҳри Кӯлоб бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни вилоятии намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла «Заргари беҳтарин», «Дӯзандаи беҳтарин», «Атласу адрасбофи беҳтарин» ва «Садранги чакан» баргузор шуд. Дар озмун ҳунармандони 25 шаҳру ноҳия ширкат варзида, намунаи ҳунарҳои худро ба намоиш гузоштанд ва тарзи дӯхтани либосро ба аъзои ҳакамон пешниҳод карданд.
Мақсад аз гузаронидани озмун- эҳёи анъанаҳои мардумӣ, ҷалби занону духтарони хонанишин ба дӯхтани либосҳои миллӣ ва муаррифӣ намудани мероси пурғановати гузаштагон мебошад.
Ғолибони озмун бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






