«Садранги чакан»- озмуни ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Кӯлоб

Август 16, 2016 15:03

Кӯлоб, 16.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар боғи марказии  фарҳангию фароғатии  шаҳри  Кӯлоб  бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни  вилоятии  намоиши  ҳунарҳои   мардумӣ, аз ҷумла «Заргари  беҳтарин», «Дӯзандаи беҳтарин», «Атласу адрасбофи беҳтарин» ва «Садранги чакан» баргузор шуд. Дар озмун ҳунармандони  25  шаҳру ноҳия ширкат варзида, намунаи ҳунарҳои худро ба намоиш гузоштанд ва тарзи дӯхтани  либосро ба аъзои ҳакамон пешниҳод карданд.
Мақсад аз гузаронидани озмун-  эҳёи  анъанаҳои  мардумӣ, ҷалби занону  духтарони хонанишин  ба дӯхтани либосҳои миллӣ  ва муаррифӣ намудани  мероси  пурғановати гузаштагон мебошад.
Ғолибони озмун бо туҳфаҳои  хотиравӣ  сарфароз гардонида шуданд.

Август 16, 2016 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад