Сафири Эрон ташаббусҳои Сарвари давлати Тоҷикистонро муҳим арзёбӣ намуд

Август 11, 2016 09:59

Душанбе, 11.08.2016./АМИТ «Ховар»/. Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ дар ҳошияи Симпозиуми байналмилалии  сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушти устувор, ки таҳти унвони «Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт» дар шаҳри Душанбе идома дорад, обро маводе номид, ки аҳамияти он дар ҷаҳон рӯз ба рӯз меафзояд ва «арзишаш дар оянда аз нафт ҳам бештар мешавад». Дар ин бора агентии иттилоотии «Форс» хабар додааст.
АИ «Форс» ҳамчунин бо истинод ба суханони Фағонӣ навиштааст: «Яке аз меҳварҳое, ки Тоҷикистон метавонад бо бархе аз кишварҳои минтақа, монанди Эрон ва кишварҳои арабӣ ҳамкорӣ кунад, меҳвари об мебошад». Сафири Эрон бо ишора ба захираҳои оби Тоҷикистон гуфтааст: «Ин зарфият вуҷуд дорад, ки рӯзе лӯлаи интиқоли об аз Душанбе ба Теҳрон ва  лӯлаҳои интиқоли энержӣ дар масири билъакс роҳандозӣ шаванд». Ӯ афзудааст, ки лоиҳаҳое дар ин замина мавҷуданд ва изҳори умед кардааст, ки рӯзе бо талошҳои ду кишвар, яъне Тоҷикистону Эрон ин лоиҳаҳо мавриди татбиқи амалӣ хоҳанд гирифт.
Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ дар поении суҳбаташ чунин иброз доштааст: «Ташаббусҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қабили Даҳсолаи «Об барои ҳаёт» ва Даҳсолаи «Об барои рушди устувор», ки аз ҷониби СММ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтаанд, бисёр муҳиманд ва ин ташаббусҳо боиси он гардиданд, ки ба захираҳои оби Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад, чун  ин кишвар манобеи оби ширин дар ҷаҳон мебошад».
Хотиррасон менамоем, ки Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор таҳти унвони «Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт», ки 9 август дар шаҳри Душанбе ба кори худ шурӯъ карда буд, имрӯз ҷамъбаст мешавад.

Август 11, 2016 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад