Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо Раиси ҳайати сармоягузории ин кишвар Сауд ибни Холид Ал-Файсал мулоқот намуд

Август 12, 2016 12:14

Душанбе, 12.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. 11 августи соли ҷорӣ Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо Раиси ҳайати сармоягузории ин кишвар, Ҳамраиси комиссияи муштараки байниҳукуматӣ доир ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ шоҳзода Сауд  ибни Холид Ал-Файсал мулоқот намуд.
Дар мулоқот масоили вобаста ба рушди ҳамкории ду кишвар ва омодагӣ ба баргузорсозии ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба татбиқи натиҷаҳои сафари расмии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, ки январи соли равон ҷараён гирифта буд, зоҳир гардид.

Август 12, 2016 12:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад