«Сайри харбуза ва иди асал» дар Хуҷанд доир гардид
Хуҷанд, 08.08.2016. /АМИТ «Ховар» /. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Раёсати кишоварзии вилоят дар шаҳри Хуҷанд чорабинии «Сайри харбуза ва иди асал» ва намоиш — фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид.
Дар намоиш — фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ беш аз 500 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла 305 тонна харбуза, 40 тонна тарбуз, 42 тонна каду ва 46 тонна асал гузошта шуд. Деҳқонони 10 ноҳияҳои кишоварзии вилоят 21 намуди харбуза, аз ҷумла оби набот, оби наботи турдор, амирӣ, курбонӣ, қирмизӣ, бурикалла, мирзочулӣ, шакарпалав, лубиёгиро пешкаши иштирокдорону меҳмонон гардониданд.
Сайри харбуза ва иди асал дар Суғд аз соли 2007 гузаронида шуда, ин навбат низ дар рафти он якчанд озмунҳо ташкил ва гузаронида шуд. Аз ҷумла, озмуни кӣ бештар аз ҳама бисёртар харбуза истеъмол карда метавонад, гузаронида шуд, ки дар он 10 нафар иштирок дошта, ғолибият насиби иштирокчиёни ноҳияҳои Мастчоҳ, Конибодом ва Исфара гардид. Дар намуди ороиши хаймаи беҳтарин ва харбузаи болаззат бошад, се ҷои аввалро деҳқонони ноҳияҳои Спитамен, Бобоҷон Ғафуров ва Масчоҳ ишғол намуданд.
Дар анҷом ғолибон ва ширкаткунандагони фаъол бо мукофотҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






