Сангвор гулистон мешавад
Cангвор, 09.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Аз ғамхориҳо ва дастуру ҳидоятҳои доимии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми ноҳияи Сангвор руҳу илҳоми тоза гирифта, барои рушду нумӯи диёри хеш ва Тоҷикистони соҳибистиқлол азму талошҳои зиёде намуда, дар даврони соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои беназир ва комёбиҳои назаррас муваффақ гардидаанд.
Бо мақсади дар сатҳи баланд ва комёбиву дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву ободанӣ, сохтмон ва таъмиру тармими роҳҳо, пулҳо, биною иншоот, муассисаҳои маориф ва тандурустӣ, кабудизоркунии гулгаштҳову кӯчаҳо ба роҳ монда шудааст.
Бино ба иттилои сармеъмори ноҳия Ҳакимҷон Раҷабов, дар айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар 32 иншоот, аз қабили муассисаҳои таълимӣ, коргоҳҳои дӯзандагию пазандагӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, нуқтаҳои хизматрасонӣ, биноҳои маъмурӣ ва марказҳои савдо идома дошта, дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бинои Суд ва марказҳои тиҷоратиро ба истифода медиҳанд. Мавриди истифода қарор гирифтани биною коргоҳҳои нав ба ҳусни маркази ноҳия симои тоза бахшида, барои сокинон ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда мешаванд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






