Ш. Ганҷалзода: «Ҳаҷми умумии боркашонӣ тавассути нақлиёти ҳавоии ватанӣ кам гардид»
Душанбе, 01.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Ҳаҷми умумии боркашонӣ тавассути нақлиёти ҳавоии ватанӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,2% кам гардидааст»,- зикр намуд вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода, имрӯз зимни нишасти хабарӣ.
Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» ба 21 801 адад ҳавопаймоҳои 149 ширкати ҳавоии ватанию хориҷӣ хизматрасонии аэронавигатсионӣ намудааст ва ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 3 642 адад кам мебошад.
Шералӣ Ганҷалзода сабаби камшавии хизматрасонӣ ба ҳавопаймоҳоро дар кам гардидани парвозҳо аз ҷониби ширкатҳои ҳавоии «Сибир», «Air Astana» ва қатъ гардидани парвозҳо аз ҷониби як қатор ширкатҳои ҳавопаймоии Федератсияи Русия рабт донист.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






