Ш. Комилзода: «Тоҷикистон дорои беш аз 2020 ёдгории таърихиву фарҳангист»
Душанбе, 30.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Дар даврони Истиқлолият муносибати мардум ба фарҳанг куллан дигаргун шуда, дар баробари аҳли ҳунар худи онҳо дар таҷлили ҷашнвораҳои таърихию миллӣ мустақиман ширкат варзиданд». Ин нуктаро директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Комилзода зимни баргузории конфронси илмӣ- амалӣ дар мавзӯи «Истиқлолияти давлатӣ ва мустақилияти фарҳангӣ» баён дошт.
Шариф Комилзода аз ҷумла иброз дошт, ки Истиқлолият барои кашфи падидаҳои нави фарҳангиву ҳунарӣ, сайқал додани суннатҳои мардумӣ, ҷалби ҷавонон ба фаъолияти эҷодӣ, таҳкими равобити фарҳангии манотиқи гуногуни кишвар заминаҳои боэътимод фароҳам овард ва як силсила чорабиниҳои муҳими фарҳангию ҳунарӣ ва озмуну фестивалҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ ва берун аз он доир гардиданд.
Дар ҷумҳурӣ ду иншооти бузурги фарҳангӣ: Китобхонаи миллӣ ва Осрхонаи миллӣ ба истифода дода шуданд, ки аз дастовардҳои беҳтарини замони Истиқлолият ба ҳисоб мераванд.
«Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои беш аз 2020 ёдгории таърихиву фарҳангӣ аст. Тӯли солҳои Истиқлолият бо ҳидояти бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд ёдгории нодир, аз қабили мақбараву осорхона ва мадрасаҳо дар шаҳру ноҳияҳо тармиру барқарор шуданд»,- гуфт директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот.
Дар давоми 5 соли охир дар ҷумҳурӣ 16 бинои нав ва қасрҳои фарҳангӣ, 5 осорхона ва 13 китобхона бунёд гардиданд.
«Дар давоми 25 соли Истиқлолияти давлатӣ аҳли фарҳанги кишвар ба дастовардҳои бузургу назаррас ноил гардиданд ва пайваста кӯшиш мекунанд, ки ба фарҳанги бою рангини қадимӣ такя намуда, дар пешбурди фарҳанги ҷомеаи навини Тоҷикистон саҳми худро гузоранд»,- афзуд Шариф Комилзода.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






