Шахсоне, ки дар кофтукови ҷиноӣ қарор доранд, авф мегарданд, агар…

Август 24, 2016 11:56

  Душанбе, 24.08.2016/АМИТ «Ховар»/. «Қонуни авф нисбат ба ҷинояткороне, ки дар кофтукови ҷиноӣ берун аз ҳудуди кишвар қарор доранд, ба истиснои  он нафароне, ки ҷиноятҳои махсусан вазнин содир кардаанд, татбиқ карда мешавад»,-гуфт Прокурори  генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон зимни баррасии лоиҳаи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», ки ин соатҳо дар Парлумони кишвар мавриди баррасӣ қарор дорад.
Инчунин Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки ҳамзамон маҳкумшудагоне, ки аз ҷониби судҳои кишварҳои хориҷӣ ба ҷавобгарии  ҷиноятӣ кашида, маҳкум карда шудаанд ва барои адои  минбаъдаи ҷазо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудаанд, татбиқ мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» бахшида ба ҷашни 25-солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 августи соли равон аз ҷониби  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои баррасӣ ва қабул ба Парлумони кишвар пешниҳод гардида буд.

Август 24, 2016 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад