Шашумин варзишгари тоҷик дар Рио-2016 медал ба даст оварда натавонист

Август 16, 2016 10:27

Душанбе, 16.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз варзишгарбонуи тоҷик Кристина Пронженко, узви дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон, дар сабқати интихобии варзиши сабук оид ба давидан ба масофаи 200 метр миёни занон аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия дар гурӯҳи худ охирин шуд ва аз ҳаққи мубориза барои медали олимпӣ маҳрум гашт. Дар ин бора  ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи  миллии олимпии  Тоҷикистон  хабар доданд. Ин  мусобиқоти интихобӣ оид ба варзиши сабук дар Варзишгоҳи олимпии Рио-де-Жанейро барпо гардид. Кристина Пронженко дар сабқати интихобӣ дар давидан ба масофаи 200 метр дар гурӯҳи 9-ум таҳти рақами 1239 дар байни ҳашт нафар бо натиҷаи 25,53 сония дар мақоми охирин қарор гирифт. Дар ин гурӯҳ Офонайм Одионг аз Баҳрайн бо натиҷаи 22,74 сония ғолиб шуд.
Умуман, дар сабқати интихобӣ дар давидан ба масофаи 200 метр ҳамагӣ 72 даванда ширкат дошт. Натиҷаи нишондодаи Кристина танҳо аз се нафари онҳо- Наҷима Павин (Покистон, 26,11), Ҳассан Маргрет (Судони Ҷанубӣ, 26,99) ва Абдул Раҳим Маизираҳ (Бруней, 28,02) беҳтар аст.
Ҳамин тариқ, Кристина Пронженко дар ҷойи 69-ум қарор гирифт ва аз ҳаққи ширкат дар даври ниманиҳоӣ ва идомаи мубориза барои медали олимпӣ маҳрум гашт. Дар мусобиқоти интихобӣ Марие-Ҷосӣ Талоу аз Кот-д’Ивуар бо натиҷаи 22,31 сония ҷойи аввалро гирифт. Ду варзишгари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико — Деаҷаҳ Стивенс бо натиҷаи 22,45 сония дуюм ва Тори Бовие бо натиҷаи 22,47 сония сеюм шуданд.
Ёдовар  мешавем, ки  рекорди ҷаҳонӣ ва олимпӣ дар давидан ба масофаи 200 метр миёни занон 21,34 сония мебошад, ки ба варзишгари ИМА Ҷойнер Гриффит марбут аст. Ӯ ин ду рекордро 29 сентябри соли 1988 дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ гузоштааст.

Август 16, 2016 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад