Шерхон Салимзода: «422 кг 100 гр маводи нашъаовар мусодира гардид»

Август 4, 2016 17:04

Душанбе, 04.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Дар нимаи аввали соли равон аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 422 кг 100 гр маводи нашъаовар дарёфт гардид. Аз ин миқдор маводи нашъаовар 406 кг 100 гр дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва 16 кг дар ҳудуди Афғонистон мусодира карда шуд»,- гуфт Шерхон Салимзода, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 4 август зимни нишасти хабарӣ.
Шерхон Салимзода илова намуд, ки вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар 60 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор карда шуд  ва ин дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 2,1 маротиба зиёд мебошад.
Ба маълумоти роҳбари Агентӣ инчунин дар ҳудуди Афғонистон 45 литр прекурсори навъи сиркои ангидрид, ки барои тайёр кардани маводи нашъаовари навъи героин истифода бурда мешавад, дарёфт ва мусодира карда шуд.

Август 4, 2016 17:04

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд