Шикасти паҳлавони тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар Рио-2016

Август 13, 2016 09:41

Душанбе, 13.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Шоми  дирӯз  паҳлавони   шинохтаи   тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов   дар қувваозмоии нахустинаш дар мусобиқаи дзюдо  аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро аз рақибаш Алекс Гарсиа Мендоза аз Куба шикаст хӯрд. Дар ин бора  ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи  миллии олимпии  Тоҷикистон  хабар доданд.
Қувваозмии паҳлавони тоҷик бо гӯштингири кубагӣ дар вазни беш аз 100 кило дар Қасри гӯштини Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор шуд.Бояд зикр кард, ки  дар муддати сеюним дақиқаи қувваозмоӣ Муҳаммадмурод бартарӣ дошт, зеро ки рақибаш шидо (огоҳӣ) гирифта буд. Вале ғайричашмдошт 1 дақиқаю 18 сония пеш аз анҷоми сабқат Алекс Гарсиа Мендоза усулеро ба кор бурд, ки Муҳаммадмурод мағлуб шуд. Ҳамин тариқ, варзишгари кубагӣ бо баҳогузории иппон ғалабаи соф ба даст овард ва ба даври баъдӣ роҳ ёфт. Муҳаммадмурод бошад, аз идомаи мубориза барои медали олимпӣ маҳрум гашт.
Алекс Гарсиа Мендоза паҳлавони номдор ва пуртаҷриба буда, ҷоизадори бисёркаратаи Гран-при ва Grand Slam (Тоскулоҳи бузург) аст.Ба гуфтаи Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, аз ин пеш ӯ бо паҳлавони кубагӣ як бор дар мусобиқоти Гран-при дар Тсиндаои Чин қувваозмоӣ карда, пирӯз шудааст. Вале ин дафъа рақибаш дастболо гардид.
Ба ин тартиб, аз ҳафт варзишгаре, ки ба ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон дохиланд, панҷ нафар  Анвар Юнусов (бокс, вазни то 60 кг), Комроншоҳи Устопириён (дзюдо,дар вазни то 90 кг), Олим Қурбонов, ва Анастасия Тюрина   (шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (дзюдо, вазни беш аз 100 кг) ба нокомӣ дучор шуда, аз медалҳои олимпӣ бенасиб монданд.
Ёдовар мешавем, ки ду нафари дигар — Кристина Пронженко (давидан ба масофаи 200 метр) ва Дилшод Назаров (варзиши сабук, гурзандозӣ) — дар мусобиқоти Олимпиадаи Рио ширкат хоҳанд кард.

Август 13, 2016 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд