Ширкати «Барқи тоҷик» барои паст намудани сатҳи талафоти барқ системаи биллингро ҷорӣ менамояд
Душанбе, 03.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Баҳри ба роҳ мондани ҳисоби дурусти хароҷоти неруи барқ ШСХК «Барқи Тоҷик» то 1 июли соли равон дар 13737 адад воридаҳои истгоҳҳои трансформатории 6-10/0,4 кВт, ки дар тавозуни муштариён ва шабакаҳои барқӣ мебошанд, ҳисобгиракҳои электронӣ насб кард»,- зикр намуд дирӯз зимни нишасти матбуотӣ Мирзо Исмоилзода, раиси ШСХК «Барқи Тоҷик».
Мирзо Исмоилзода ҳамчунин илова намуд, ки бо мақсади дуруст ба роҳ мондани ҳисоби хароҷоти неруи барқ, 17573 адад ҳисобгиракҳои барқии муштариён аз даруни ҳавлиҳо ва 32763 адад аз даруни хонаҳои баландошёна ба ҷои намоён бароварда шуданд.
Ширкати «Барқи Тоҷик» дар ҳамкорӣ бо Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи энергетика барои паст намудани сатҳи талафоти барқ чораҳои зарурӣ андешида, тасмим гирифтааст, ки дар шашмоҳаи охири соли равон дар шабакаҳои барқии шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд системаи биллингро ҷорӣ намояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






