Симона Байлс чемпиони секаратаи олимпӣ шуд

Август 16, 2016 11:50

Душанбе,16.08.2016./АМИТ «Ховар»/. Варзишгари амрикоӣ Симона Байлс чемпиони секаратаи Бозиҳои олимпӣ оид ба гимнастика гардид. Дар ин бора  ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи  миллии олимпии  Тоҷикистон  хабар доданд.
Дар мусобиқаи мазкур Симона 15,966 имтиёз ба даст овард. Қаблан Симона дар сабқатҳои гурӯҳию инфиродӣ низ аз намуди варзиши бисёрҳарба пирӯзӣ ба даст оварда буд. Нишони нуқраи олимпӣ насиби бонуи гимнастбози Русия Мария Пасека гардид. Маҷмӯи имтиёзҳои Мария 15,253 ададро ташкил дод.
Ёдовар мешавем, ки зинаи сеюмро гимнастбози шведсарӣ Ҷулиа Стайнгрубер бо 15,216 имтиёз ишғол намуд.

Август 16, 2016 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон хаво 24 дараҷа гарм мешавад
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 12 дараҷа гарм мешавад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад