ҶСК «Бонки Эсхата» барориши вомбаргҳои корпоративии худро ба нақша гирифтааст
Душанбе, 17.08.2016 /АМИТ «Ховар»/.Дар арафаи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҶСК «Бонки Эсхата» барориши вомбаргҳои корпоративии (қоғазҳои қиматноки қарзии) худро дар платформаи ҶСК «Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ» ба нақша гирифтааст.
Ба ин муносибат ҶСК «Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ» ва ҶСК «Бонки Эсхата» нахустин Форуми сармоягузорӣ таҳти унвони «Имкониятҳои нав барои рушд»-ро дар Душанбе баргузор менамоянд.
Мақсад аз чорабинӣ фароҳам овардани имконият барои шиносоӣ бо шартҳои барориши вомбаргҳои корпоративии ҶСК «Бонки Эсхата», инчунин гузарондани намоиши лоиҳаҳои сармоягузории соҳибкорони ватанӣ барои доираи васеи сармоягузорони манфиатдор мебошад.
Субъектҳои соҳибкории мамлакат имкон доранд, ки дар бораи имкониятҳои ҷалби сармоя ҷиҳати рушди тиҷорат бо роҳи барориши қоғазҳои қиматнок дар биржаи фондӣ маълумоти бештар гиранд.
Чорабинӣ пагоҳ, 18 август соати 10-00 дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» баргузор хоҳад гашт.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






