Слёти ҳафтуми геологҳои ҷавон дар Бадахшон
Хоруғ, 18.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ слёти геологҳои ҷавон аз манотиқи мухталифи кишвар ва Федератсияи Русия баргузор гашт. Дар слёт ҳамчунин омӯзгорони мактабҳои миёна ва устодони донишгоҳҳои ҳарду кишвар ширкат варзиданд.
Муовини аввали сардори Сарраёсати геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонбек Бахтдавлатов гуфт, ки: «Ҳамасола дар таътили тобистонаи толибилмони макотиби таҳсилоти миёна ва донишҷӯёни донишгоҳҳои олӣ чунин слёт дар гӯшаву канори ҷумҳурӣ баргузор мегардад ва имсол мо ҳамроҳи геологҳои ҷавони Тоҷикистону Русия ба маркази ВМКБ- шаҳри Хоруғ омадем. Мо дар минтақае қарор дорем, ки 97 фоизи замини онро кӯҳҳои баланд ишғол намудаанд ва дорои захираҳои бои канданиҳои фоиданок мебошанд. Барои мавриди истифодаи умум қарор додани ин сарватҳои зеризаминӣ ба кишвари мо мутахассисони варзида заруранд».
Яке аз мақсадҳои асосии слёти мазкур низ тарбия ва ба камол расондани кадрҳои баландихтисосе мебошад, то онҳо тавонанд дар оянда дар рушди соҳаи геология, кашфу истихроҷи сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ саҳми арзишманд гузоранд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






