Соҳибкорони Суғду Тошканд роҳҳои густариши ҳамкориро баррасӣ намуданд
Душанбе, 02.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади мустаҳкам намудани робитаҳои судманди иқтисодӣ, баргузор намудани ярмарка-намоишгоҳҳо, ворид намудани технологияи ҳозиразамон, ташкили корхонаҳои муштарак ва ба ин васила рушд додани воридоту содироти мол миёни кишварҳо як гурӯҳ тоҷирони вилояти Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Ин гурӯҳ бо роҳбарии сардори Палатаи савдо ва саноати вилояти Тошканд дар ҳайати намояндагони 6 корхонаи бонуфузи саноатии ин минтақа дар соҳаи сохтмону нассоҷӣ ва дорусозӣ дар Намоишгоҳи универсалии «Тоҷикистон-2016», ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд, иштирок намуданд.
Дар Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд вохӯрии соҳибкорони вилоят бо ҳайати тиҷоратии вилояти Тошкант доир шуд. Дар вохӯрӣ намояндагони 20 корхонаи вилояти Суғд иштирок намуданд.
Соҳибкорон дар алоҳидагӣ бо шарикони ҳамкори худ мулоқотҳо доир намуда, бобати рушди ҳамкорӣ гуфтугӯҳои судманд анҷом доданд. Дар интиҳо соҳибкорон ба мувофиқа расиданд, ки дар рӯзҳои наздик ба вилояти Тошканд сафар карда, аз корхонаҳои истеҳсолӣ дидан менамоянд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






