Содироти хушкмева ба хориҷа коҳиш ёфтааст

Август 2, 2016 14:11

Душанбе, 02.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Содироти хушкмева аз ҷумҳурӣ ба кишварҳои  хориҷӣ  дар шаш моҳи соли равон коҳиш ёфтааст.  Тибқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар, дар ин давра аз Тоҷикистон  беш аз 12 ҳазор тонна  хушкмева ба маблағи 2,3 миллион доллар ба хориҷи кишвар содирот гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли  2015-ум 21,5 ҳазор тонна  ё 5, 1 миллион доллари амрикоӣ коҳиш ёфтааст.
Бояд тазаккур дод, ки содироти хушкмева ба хориҷи кишвар соҳаи муҳими рақобатпазир ва мусоидаткунанда дар сохтори содиротии кишвар ба шумор меравад. Омили асосии коҳиш ёфтани хушкмева ба хориҷа  дар номусоидии обу ҳавои соли гузашта дар шимоли кишвар нисбат дода мешавад.
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан хушкмева ба  Русия ва Қазоқистон содирот карда мешавад.

Август 2, 2016 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид