Сохтмони 8 майдончаи варзишӣ дар ноҳияи Б. Ғафуров

Август 15, 2016 16:08

Душанбе, 15.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. То ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунёди  8 майдончаи варзишӣ дар назар дошта шудааст.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба АМИТ  «Ховар»  хабар доданд, дар ноҳия то имрӯз  3 адад майдончаи варзишӣ, аз ҷумла дар шаҳраки Ғафуров, ҷамоати деҳоти Овчиқалъача ва Ҳайдар Усмонов барои ба машғулиятҳои варзишӣ бештар фаро гирифтани насли наврас   мавриди истифода қарор дода  шудаанд. Корҳои сохтмонӣ дар 5 майдончаи варзишӣ дар маҳаллаҳо, назди биноҳои истиқоматии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  идома дошта, дар назар аст онҳо то ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шаванд.

Август 15, 2016 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон хаво 24 дараҷа гарм мешавад
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 12 дараҷа гарм мешавад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад