Сохтмони ҳафт корхонаи калони саноатӣ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон босуръат идома дорад

Август 6, 2016 11:52

Душанбе, 06.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Cоли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  7 корхонаи бузурги саноатӣ сохта, ба истифода дода мешаванд. Қодири Қосим, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон мегӯяд: «Ин корхонаҳо дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон бо ҷалби  сармоягузории хориҷӣ бо  маблағи умумии 688 миллион доллари амрикоӣ бунёд мегарданд».

Корхонаи  коркарди масолеҳи нафтӣ дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ба маблағи 80 миллион доллари амрикоӣ, васеъкуниии Фабрикаи  маъдантозакунӣ дар ноҳияи  Мастчоҳ бо иқтидори  коркарди 1 миллион  тонна маъдан дар як сол ба мабалағи 20 миллион доллар аз ҳамин қабиланд.

Инчунин сохтмони Корхонаи сементбарорӣ  ва Коргоҳи истеҳсоли халта бо арзиши 130 миллион доллар, Корхонаи  истеҳсолии коркарди  фториди алюминий ва криолит ба маблағи 88 миллион доллар дар Ёвон ва  бунёди  Корхонаи  металлургӣ дар шаҳри Ҳисор ба мабалағи 21 миллион доллари  амрикоӣ босуръат идома дошта, мавриди истифода қарор додани навбати  дуюми Маркази  барқу гармидиҳии Душанбе-2 бо иқтидори 300 мегаВатт ба маблағи 348,8 миллион доллар дар назар аст.

Интизор меравад, ки бархе аз ин корхонаҳои саноатӣ дар арафаи 25-солагии  Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шаванд.

Август 6, 2016 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст