Сохтмони роҳи оҳани Туркманистон -Афғонистон -Тоҷикистон идома дорад

Август 18, 2016 14:33

Душанбе, 18.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон (ТАТ)  робитаҳои тиҷоратии миёни  кишварҳои минтақаро тақвият хоҳад бахшид. Дар ин бора дар изҳороти ҳукумати Туркманистон зикр гардидааст.
Дар изҳорот гуфта мешавад, ки марҳилаи якуми лоиҳа сохтмони ду қисмати онро дар назар дорад: хатти 85 километрии Атамурат-Имомназар дар қаламрави Туркманистон ва хатти 38 километрӣ аз нуқтаи аҳолинишини Имомназар то нуқтаи аҳолинишини Андхой дар Афғонистон.
Дар иттилоия ҳамчунин гуфта шудааст, ки: «Дар айни замон, хатти роҳи оҳан то ба истгоҳи Имомназар оварда шудааст. Дар баробари интиқоли хати барқ, сохтмони иншооти инфрасохторӣ дар нуқтаҳои Гулистон ва Имомназар,инчунин  сохтмони ду пули азими роҳи оҳан идома дорад».
Ин қисмати роҳи бузург бо назардошти рушди минтақаи шарқии кишвар аҳамияти бузург дорад. Дар ҳоли ҳозир он ҷо калонтарин маркази саноатӣ, бавижа, корхонаи азимҷуссаи саноатӣ — комплекси истихроҷ ва коркарди нуриҳои калий мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Бино ба иттилои хабаргузории давлатии «Туркмен довлет хабарлари»: «Амалигардонии як қатор лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар Афғонистон ба рушди минбаъдаи иқтисодиёти Афғонистон ҷараёни тоза бахшида, ба ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва таъмини шуғли аҳолӣ мусоидат хоҳад кард».

Август 18, 2016 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад