Сохторҳои вилояти Суғд дар якҷоягӣ нишасти матбуотӣ доир намуданд
Душанбе, 03.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд нишасти матбуотии якчанд сохтор, аз ҷумла ҶСК «Тоҷиктелеком», КФКВД «Почтаи тоҷик», Идораи хоҷагии роҳҳои мошингарди вилояти Суғд, КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти вилояти Суғд, нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ дар вилояти Суғд доир гардид.
Дар нишасти матбуотӣ роҳбарони ин сохторҳо оид ба натиҷаи фаъолият дар нимсолаи аввали соли равон маълумот доданд. Сӯҳроб Ғоибов, сардори ҶСК «Тоҷиктелеком» иттилоъ дод, ки ба аҳолӣ дар нимсолаи аввали соли равон ба маблағи 1019,1 ҳазор сомонӣ хизмати алоқа расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 ба маблағи 69,5 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Сӯҳроб Ғоибов сабаби асосии камшавии даромади тарофавиро дар кам шудани шумораи гуфтугӯ бо телефонҳои шаҳрӣ ва байниоператорӣ арзёбӣ намуд.
Тибқи иттилои Маннон Юсуфов, сардори КФ КВД «Почтаи тоҷик» кормандони ин сохтор нақшаи даромади тарофавиро ба андозаи 458000 сомонӣ расонида, иҷрои нақшаро 100,2 % таъмин намуданд. Номбурда ҳамчунин илова намуд, ки даромади тарифӣ аз фаъолияти асосӣ 391834 сомонӣ ва даромади ғайрисоҳавӣ ба 66166 сомонӣ баробар шуд.
Аюбҷон Каримов, назоратчии Хадамоти боркашонии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» хабар дод, ки дар ин давра боркунии вагонҳо дар минтақа 254,3 ҳазор тонна кам гардид. Аз ҷумла боркашонии транзитӣ 469,8 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22,9 ҳазор тонна кам мебошад.
А. Авлиёев, сардори Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ дар вилояти Суғд зикр намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ба ронандагоне, ки бе роҳхату иҷозатнома ва бе итоати аломатҳои қоидаи бехатарии ҳаракат дар роҳ ба мусофиркашонӣ машғул гардида, дар истгоҳҳо ба танбашавии нақлиётҳои мусофирбар роҳ медиҳанд, тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ маводи дахлдор тартиб дода шудааст.








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






