Сохторҳои вилояти Суғд дар якҷоягӣ нишасти матбуотӣ доир намуданд

Август 3, 2016 16:45

Душанбе, 03.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд нишасти матбуотии  якчанд сохтор, аз ҷумла  ҶСК «Тоҷиктелеком», КФКВД «Почтаи тоҷик», Идораи хоҷагии роҳҳои мошингарди вилояти Суғд, КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти вилояти Суғд, нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ дар вилояти Суғд  доир гардид.
Дар нишасти матбуотӣ роҳбарони ин сохторҳо оид ба натиҷаи фаъолият дар нимсолаи  аввали соли равон маълумот доданд. Сӯҳроб Ғоибов, сардори ҶСК «Тоҷиктелеком» иттилоъ дод, ки ба аҳолӣ дар нимсолаи аввали соли  равон  ба маблағи 1019,1 ҳазор сомонӣ хизмати алоқа расонида шудааст, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли 2015  ба маблағи 69,5 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Сӯҳроб Ғоибов сабаби асосии камшавии даромади тарофавиро дар кам шудани шумораи гуфтугӯ бо телефонҳои  шаҳрӣ ва байниоператорӣ арзёбӣ намуд.
Тибқи иттилои Маннон Юсуфов, сардори КФ КВД «Почтаи тоҷик»    кормандони  ин сохтор   нақшаи даромади тарофавиро ба андозаи 458000 сомонӣ расонида,  иҷрои нақшаро  100,2 % таъмин намуданд. Номбурда ҳамчунин илова намуд, ки  даромади тарифӣ аз фаъолияти асосӣ 391834 сомонӣ  ва  даромади ғайрисоҳавӣ ба 66166 сомонӣ баробар шуд.
Аюбҷон Каримов, назоратчии Хадамоти боркашонии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» хабар дод, ки  дар ин давра боркунии вагонҳо дар минтақа 254,3 ҳазор тонна кам гардид. Аз ҷумла боркашонии транзитӣ 469,8 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22,9 ҳазор тонна кам мебошад.
А. Авлиёев,  сардори Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ дар вилояти Суғд зикр намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ  ба ронандагоне, ки бе роҳхату иҷозатнома ва  бе итоати аломатҳои қоидаи бехатарии ҳаракат дар роҳ ба мусофиркашонӣ машғул гардида,   дар истгоҳҳо ба танбашавии нақлиётҳои мусофирбар роҳ медиҳанд, тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ маводи дахлдор тартиб дода шудааст.

Август 3, 2016 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд