Сокинони ҷамоати деҳоти Сағирдашт ҷашни Истиқлолияти давлатиро дар варзишгоҳи замонавӣ таҷлил мекунанд
Дарвоз, 15.08. 2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз соҳиби варзишгоҳи нави дорои 400 ҷои нишаст мегарданд.
Иншооти мазкур бо маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардида, алъон дар бунёди он 65 нафар бинокорони маҳаллӣ ширкат доранд. Ба гуфтаи муҳандиси сохтмон Шариф Сурхов, бо ҳидояти Пешвои миллат имрӯз ҳар як соҳибкор кӯшиш мекунад, ки дар ободу зебо гардонидани шаҳру деҳоти кишвар ва муҳайё намудани ҷои кор барои ҷавонон, беҳтар кардани шароит барои баргузории чорабиниҳои варзишию фарҳангӣ саҳми худро гузорад.
Варзишгоҳ мутобиқ ба меъёрҳои замони муосир бунёд гардида, майдони он бо пардаи сабз пӯшонида мешавад.
Ин бори аввал нест, ки соҳибкорони ноҳияи Дарвоз даст ба чунин амали созандаву бунёдкорона мезананд. Дар давоми 6 соли охир дар ноҳия бо қувваи соҳибкорони ватанӣ як меҳмонхонаи 5 ситорадор, хонаи истиқоматии дорои 37 ҳуҷра, Кохи бонувон ва амсоли инҳо мавриди истифода қарор гирифтанд, ки дар натиҷа ҳам симои маркази ноҳия зебо гардида ва садҳо нафар соҳиби шуғл гаштанд.








16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст






