Сокинони ҷамоати деҳоти Сағирдашт ҷашни Истиқлолияти давлатиро дар варзишгоҳи замонавӣ таҷлил мекунанд

Август 15, 2016 11:59

Дарвоз, 15.08. 2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз соҳиби варзишгоҳи нави дорои 400 ҷои нишаст мегарданд.
Иншооти мазкур бо маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардида,  алъон дар бунёди он  65 нафар бинокорони  маҳаллӣ ширкат доранд. Ба гуфтаи муҳандиси сохтмон Шариф Сурхов, бо ҳидояти Пешвои миллат  имрӯз ҳар як соҳибкор кӯшиш мекунад, ки дар ободу зебо гардонидани шаҳру деҳоти кишвар ва муҳайё намудани ҷои кор барои ҷавонон, беҳтар кардани  шароит барои баргузории чорабиниҳои варзишию фарҳангӣ саҳми худро гузорад.
Варзишгоҳ мутобиқ ба меъёрҳои замони муосир бунёд гардида, майдони он бо пардаи сабз пӯшонида мешавад.
Ин бори аввал нест, ки соҳибкорони ноҳияи Дарвоз даст ба чунин  амали созандаву бунёдкорона мезананд. Дар давоми 6 соли охир дар  ноҳия бо қувваи соҳибкорони ватанӣ як меҳмонхонаи 5 ситорадор, хонаи истиқоматии дорои 37 ҳуҷра, Кохи бонувон ва  амсоли инҳо мавриди истифода қарор гирифтанд, ки дар натиҷа ҳам симои маркази ноҳия зебо гардида ва садҳо нафар соҳиби шуғл гаштанд.

Август 15, 2016 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад