Сокинони деҳаи Капалиро рамабонҳо аз омадани сел сари вақт огоҳ карданд

Август 29, 2016 11:46

Тоҷикобод, 29.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар натиҷаи обшавии зиёди тармаҳо, фаромадани ярч ва баланд шудани маҷрои дарёчаи шӯраки деҳаи Капалии ҷамоати деҳоти Қалъаи ноҳияи Тоҷикобод қисмате аз заминҳои кишт, 7 хонаи истиқоматӣ пурра ва зиёда аз 18 хонаи истиқоматӣ қисман зарар дида, 6 адад мошини сабукрав, 2 адад трактор ва 50 оилаи занбӯр нобуд гардидааст.
Инчунин роҳҳои маҳаллӣ, пулҳои мошингузари деҳа, хатҳои маҳаллии интиқоли барқ пурра хисорот дидаанд.
Тибқи иттилои масъулини ҳукумати ноҳияи Тоҷикобод рамабонҳо аз кӯҳҳои болои деҳа сокинони деҳаи Капалиро аз омадани сел сари вақт телефонӣ хабар доданд. Сокинон ба баландкӯҳҳо баромаданд ва хушбахтона, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуд.
Бо супориши раиси ноҳия сари вақт оилаҳои зарардидаро бо хӯрокӣ таъмин карданд. Дар айни замон техникаҳои зарурӣ ба бартарафсозии хисороти офати табиӣ машғуланд.

Август 29, 2016 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад