«Сомон Эйр» ба самтҳои Душанбе-Новосибирск ва Душанбе-Сочи хатсайрҳои нав ифтитоҳ менамояд

Август 11, 2016 16:53

Душанбе, 11.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба самтҳои Душанбе-Новосибирск ва Душанбе-Сочи хатсайрҳои нав ифтитоҳ менамояд.  Парвозҳо ба ин самтҳо ҳафтае як маротиба Новосибирск рӯзи чоршанбе ва Сочи рӯзи панҷшанбе сурат мегиранд.
Бино ба иттилои котиби матбуотии ин ширкат Тимур Бандишоев, парвози нахустин ба Новосибирск 31 август ба нақша гирифта шуда, парвоз ба самти Душанбе-Сочи-Душанбе 1 сентябр амалӣ хоҳад шуд.
Вақти парвоз аз Душанбе ба Новосибирск соати  20:40, вақти фурудоӣ дар Новосибирск  00-40 ба вақти маҳаллӣ буда, ҳавопаймо соати 02:30 ба Душанбе бозпас гашта, соати 04:40 дар Душанбе фуруд меояд. Вақти парвоз 3 соатро ташкил медиҳад.
Аз  Душанбе ба Сочи ҳавопаймо соати  11:30 парвоз карда, соати 13:20 ба вақти маҳаллӣ дар Сочи фуруд хоҳад омад. Ҳавопаймо соати 15:00 бозпас ба Душанбе парвоз карда, соати 20:40 дар Душанбе фуруд меояд. Вақти парвоз 3 соату 50 дақиқаро ташкил медиҳад.
Илова бар ин, ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» хатсайри Душанбе-Бишкекро  роҳандозӣ намуда, ҳавопаймои ин ширкат  ҳафтае як маротиба  рўзҳои якшанбе ба пойтахти Қирғизистон парвоз карда,  шаби душанбе бозпас мегардад.
Дар айни ҳол ширкати  «Сомон Эйр» парвозҳоро тариқи ҳавопаймоҳои «Боинг 737-300», 800 ва 900 аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Чин, Русия ва Қазоқистон бомуваффақият иҷро карда истодааст.

Август 11, 2016 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад