«Сомон Эйр» ба самтҳои Душанбе-Новосибирск ва Душанбе-Сочи хатсайрҳои нав ифтитоҳ менамояд
Душанбе, 11.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба самтҳои Душанбе-Новосибирск ва Душанбе-Сочи хатсайрҳои нав ифтитоҳ менамояд. Парвозҳо ба ин самтҳо ҳафтае як маротиба Новосибирск рӯзи чоршанбе ва Сочи рӯзи панҷшанбе сурат мегиранд.
Бино ба иттилои котиби матбуотии ин ширкат Тимур Бандишоев, парвози нахустин ба Новосибирск 31 август ба нақша гирифта шуда, парвоз ба самти Душанбе-Сочи-Душанбе 1 сентябр амалӣ хоҳад шуд.
Вақти парвоз аз Душанбе ба Новосибирск соати 20:40, вақти фурудоӣ дар Новосибирск 00-40 ба вақти маҳаллӣ буда, ҳавопаймо соати 02:30 ба Душанбе бозпас гашта, соати 04:40 дар Душанбе фуруд меояд. Вақти парвоз 3 соатро ташкил медиҳад.
Аз Душанбе ба Сочи ҳавопаймо соати 11:30 парвоз карда, соати 13:20 ба вақти маҳаллӣ дар Сочи фуруд хоҳад омад. Ҳавопаймо соати 15:00 бозпас ба Душанбе парвоз карда, соати 20:40 дар Душанбе фуруд меояд. Вақти парвоз 3 соату 50 дақиқаро ташкил медиҳад.
Илова бар ин, ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» хатсайри Душанбе-Бишкекро роҳандозӣ намуда, ҳавопаймои ин ширкат ҳафтае як маротиба рўзҳои якшанбе ба пойтахти Қирғизистон парвоз карда, шаби душанбе бозпас мегардад.
Дар айни ҳол ширкати «Сомон Эйр» парвозҳоро тариқи ҳавопаймоҳои «Боинг 737-300», 800 ва 900 аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Чин, Русия ва Қазоқистон бомуваффақият иҷро карда истодааст.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






