«Сомон Эйр» парвозҳоро ба самти Лоҳур ва Кобул лағв мекунад
Душанбе, 15.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро ба самти Душанбе-Лоҳур-Душанбе ва Душанбе-Кобул-Душанбе бекор мекунад. Чунин тадбир хусусияти муваққатӣ дошта, ба кам будани теъдоди мусофирон вобаста мебошад.
Тавре ки котиби матбуотии «Сомон Эйр» Тимур Бандишоев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ширкати ҳавопаймоӣ ҳангоми барқарор кардани парвозҳо ба Лоҳур ва Кобул муштариёнашро қаблан огоҳ хоҳад кард.
Хотиррасон мекунем, ки ширкати ҳавопаймоӣ қаблан миқдори парвозҳоро ба самти Душанбе-Лоҳур-Душанбе аз ду хатсайр дар як ҳафта ба як хатсайр коҳиш дода буд. То лаҳзаҳои охирин парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Лоҳур-Душанбе рўзҳои душанбе иҷро мегардиданд, аммо бо сабаби камшавии теъдоди мусофирон парвозҳо ба самти мазкур муваққатан манъ карда шуданд.
Феълан ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон дар самти Олмон, АМА, Туркия, Чин, Русия ва Қазоқистон муваффақона анҷом медиҳад.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






