Суғд: Дастаи мунтахаби «Душанбе-1» ғолиби нахустин Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейболи соҳилӣ гардид

Август 1, 2016 15:05

Хуҷанд, 01.08.2016. /АМИТ «Ховар»/.  Дар маркази вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд аввалин Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейболи соҳилӣ  баргузор гардид.
Дар мусобиқа, ки дар кишварамон бори нахуст ин намуди бозии олимпӣ ташкил ва гузаронида шуд, 12 даста ширкат варзиданд.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов иттилоъ дод, ин мусобиқа байни дастаҳои мардон ва бонувон аз 29 то 31 июли соли равон   доир гардид.
Мақсад аз ташкил намудани ин мусобиқа тарғибу ташвиқи волейболи соҳилӣ байни мардон ва бонувон, мустаҳкам намудани дӯстӣ байни варзишгарон ва ҳамзамон муайян намудани узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Дар мусобиқа ду даста аз вилояти Суғд, 2 даста аз вилояти Хатлон, 2 даста аз шаҳри Душанбе ва як даста аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҷамъ 22 нафар варзишгарон (8 нафарашон бонувон) иштирок намуданд.
Аз рӯи холҳои бадастоварда  байни бонувон аввалин дастаи ғолиби Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба намуди волейболи соҳилӣ дастаи «Душанбе-1», соҳиби ҷойҳои дуввум ва саввум  «Суғд-1» ва «Хатлон» гардиданд.
Дар байни дастаҳои мардона низ ҷои аввал насиби волейболбозони дастаи мунтахаби «Душанбе-1» гардид. Дастаҳои «Хатлон-1» ва ВМКБ  соҳиби медалҳои нуқраву биринҷӣ гардиданд.

 

Август 1, 2016 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе