Суғд: Дастаи мунтахаби «Душанбе-1» ғолиби нахустин Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейболи соҳилӣ гардид
Хуҷанд, 01.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд аввалин Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейболи соҳилӣ баргузор гардид.
Дар мусобиқа, ки дар кишварамон бори нахуст ин намуди бозии олимпӣ ташкил ва гузаронида шуд, 12 даста ширкат варзиданд.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов иттилоъ дод, ин мусобиқа байни дастаҳои мардон ва бонувон аз 29 то 31 июли соли равон доир гардид.
Мақсад аз ташкил намудани ин мусобиқа тарғибу ташвиқи волейболи соҳилӣ байни мардон ва бонувон, мустаҳкам намудани дӯстӣ байни варзишгарон ва ҳамзамон муайян намудани узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Дар мусобиқа ду даста аз вилояти Суғд, 2 даста аз вилояти Хатлон, 2 даста аз шаҳри Душанбе ва як даста аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҷамъ 22 нафар варзишгарон (8 нафарашон бонувон) иштирок намуданд.
Аз рӯи холҳои бадастоварда байни бонувон аввалин дастаи ғолиби Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба намуди волейболи соҳилӣ дастаи «Душанбе-1», соҳиби ҷойҳои дуввум ва саввум «Суғд-1» ва «Хатлон» гардиданд.
Дар байни дастаҳои мардона низ ҷои аввал насиби волейболбозони дастаи мунтахаби «Душанбе-1» гардид. Дастаҳои «Хатлон-1» ва ВМКБ соҳиби медалҳои нуқраву биринҷӣ гардиданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






