«Суғдсинамо» аз рӯи асари Сорбон филми нав меофарад
Душанбе, 03.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Суғдсинамо» ба номи номи Комил Ёрматов тасмим гирифтааст, ки дар моҳи сентябри соли равон филми нави худро ба навор гирад.
Филми нав «Армон» ном дошта, он аз рӯи асари Нависандаи халқии Тоҷикистон Сорбон ба навор гирифта мешавад. Дар айни ҳол корҳои омодагӣ барои сабти филм идома дорад.
Муассисаи давлатии «Суғдсинамо» ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу- Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди кинои миллӣ соли 2015 таъсис ёфтааст.
Филмҳои «Паймон», «Духтари Сайҳун», «Коса» ва «12 соли интизорӣ», аз ҷумлаи филмҳои офаридаи «Суғдсинамо» мебошад, ки аз ҷониби тамошобинон хуб пазируфта шудааст.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






