Таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи рушд бо Олмон
Душанбе, 30.08.2016. /АМИТ«Ховар»/. 28 августи соли равон Сафорати Тоҷикистон дар Олмон дар чорабинии «Рӯзи дарҳои кушода»-и Вазорати ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон ғуфраи кишварамонро бо маводи иттилоотӣ оид ба ҳаёти имрӯзаи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, тадбирҳои ҳукумати Тоҷикистон дар самти таъмини иқтисоди сабз ва рушди устувор дар заминаи истифодаи самараноки захираҳои бузурги обию энергетикӣ ва табиии кишвар, нақши экотуризм ва дигар барномаҳои рушд ташкил намуд. Дар гӯшаи Тоҷикистон ҳамчунин намунаҳое аз санъати амалӣ ва тасвирии ҳунармандони кишвар ба маърази даҳҳо ҳазор сокинон ва меҳмонони пойтахти Олмон гузошта шуданд.
Муовини Вазири федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон Томас Зилберхорн аз ғурфаи Тоҷикистон дидан намуда, бо Сафири Тоҷикистон Маликшо Неъматов суҳбат намуд. Ҷонибҳо аз ҳамкории муваффақ дар доираи барномаи рушди устувор изҳори қаноатмандӣ намуда, ба таҳкими бештари ҳамкории самаранок дар соҳаи рушд таъкид намуданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Олмон хабар доданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






