Таҷлили Рӯзи кормандони тиб дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»
Душанбе, 15.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 18 август дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи кормандони тиб ва зодрӯзи Абӯалӣ ибни Сино таҷлил мегардад. Бахшида ба ин рӯз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳо доир менамояд. Аз ҷумла, 16 августи соли равон дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» баргузории чорабинии идона ба нақша гирифта шудааст.
Тавре ки Лола Муҳаммадова, муовини сартабиб оид ба корҳои табобати бахши дармонгоҳи мазкур иттилоъ дод, дар чорабинии идона натиҷаи озмуне, ки чанде пеш байни ҳамшираҳо ва табибони дармонгоҳ оид ба фаъолияти самарабахши онҳо гузаронида шуда буд, ҷамъбаст гардида, ба ғолибон ифтихорномаву туҳфаҳо супорида мешавад.
«Инчунин барои болидагии табъи меҳмонон мо саҳначаҳо омода намудаем»,- илова намуд Л. Муҳаммадова.
«Аз сабаби он, ки дармонгоҳи мо нав ба кор шурӯъ кардааст, роҳбарияти дармонгоҳ қариб ҳар рӯз дар байни табибону ҳамшираҳо чунин санҷишу озмунҳоро мегузаронанд. Бояд гуфт, ки кормандони дармонгоҳ ҳар ҳафта бо аҳолӣ вохӯриҳо гузаронида, бо онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд», — зикр намуд Л. Муҳаммадова.
Л. Муҳаммадова ҳамчунин хабар дод, ки аз 1 то 10 августи соли равон дар саросари кишвар даҳаи синамакконӣ гузаронида шуда, кормандони тибб ба модарони ҷавон оид ба нигоҳубини кӯдак ва тарзи дурусти додани шир маслиҳатҳои муфид доданд. Инчунин табибон барои муоина намудани бемороне, ки дар хона бистарӣ ҳастанд, ба хонаи онҳо рафта, пайваста аз аҳволи беморон хабардор мешаванд.
Хотиррасон мекунем, ки дармонгоҳи мазкур аз 6 шуъба иборат буда, дар он шуъбаҳои озмоишгоҳ, офиятшиносӣ ё физиотерапия, ҷарроҳӣ, шуъбаи соҳавӣ ва оилавӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.








Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид






