Таҷлили Рӯзи кормандони тиб дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»

Август 15, 2016 15:56

Душанбе, 15.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола  18  август дар Тоҷикистон ҳамчун  Рӯзи кормандони тиб ва зодрӯзи Абӯалӣ ибни Сино   таҷлил мегардад. Бахшида ба ин рӯз   Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии   Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳо доир менамояд. Аз ҷумла,  16 августи соли равон дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» баргузории чорабинии идона   ба нақша гирифта шудааст.
Тавре ки Лола Муҳаммадова, муовини  сартабиб  оид ба корҳои табобати бахши дармонгоҳи   мазкур иттилоъ дод, дар  чорабинии  идона натиҷаи   озмуне, ки чанде пеш байни ҳамшираҳо ва табибони дармонгоҳ оид ба фаъолияти самарабахши  онҳо гузаронида  шуда буд, ҷамъбаст гардида, ба ғолибон  ифтихорномаву туҳфаҳо супорида мешавад.
«Инчунин барои болидагии табъи меҳмонон мо саҳначаҳо омода намудаем»,-  илова намуд Л. Муҳаммадова.
«Аз сабаби он, ки  дармонгоҳи мо  нав ба кор шурӯъ кардааст, роҳбарияти дармонгоҳ    қариб ҳар рӯз дар байни табибону ҳамшираҳо чунин санҷишу озмунҳоро   мегузаронанд. Бояд гуфт, ки  кормандони дармонгоҳ  ҳар ҳафта бо аҳолӣ вохӯриҳо гузаронида,  бо онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ  мебаранд», — зикр намуд Л. Муҳаммадова.
Л. Муҳаммадова ҳамчунин хабар дод,  ки   аз  1 то 10 августи соли равон  дар саросари кишвар  даҳаи синамакконӣ гузаронида шуда,  кормандони тибб ба   модарони ҷавон оид ба нигоҳубини кӯдак ва тарзи дурусти  додани шир маслиҳатҳои муфид доданд. Инчунин табибон  барои муоина   намудани бемороне, ки дар хона бистарӣ ҳастанд, ба хонаи онҳо рафта,   пайваста  аз аҳволи беморон  хабардор  мешаванд.
Хотиррасон мекунем, ки дармонгоҳи мазкур аз 6 шуъба иборат буда,  дар он шуъбаҳои  озмоишгоҳ,   офиятшиносӣ ё физиотерапия,   ҷарроҳӣ, шуъбаи соҳавӣ ва   оилавӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.

Август 15, 2016 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад