Табрик мекунем! Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон соҳиби медали нуқраи Ҷоми Президенти Қазоқистон гардид
Душанбе, 12.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (то синни 16 сола) соҳиби медали нуқраи Ҷоми Президенти Қазоқситон гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ФФТ хабар доданд, дастпарварони Зайниддин Раҳимов дар дидори ниҳоии мусобиқа ба соҳибони майдон, дастаи мунтахаби наврасони Қазоқситон бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрданд.
Ёдовар мешавем, ки аз се рақобати марҳилаи гурӯҳӣ дастаи мунтахаби наврасони кишвар дар дутоаш бо ҳисоби 6:0 бар Русия-2 ва бо ҳисоби 2:1 бар Эрон пирӯз омада, дидори 3-юмро бо дастаи Озарбойҷон мусовӣ анҷом дод. Ҳамин тариқ бо гирифтани 7 хол ба дастпарварони Зайниддин Раҳимов дар гурӯҳи «В» ҷойи аввалро ишғол карда, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд.
Маблағи ҷоизавии Ҷоми Президенти Қазоқистон 15 ҳазор доллари ИМА мебошад. Ба ғолиби мусобиқа ба ғайр аз ҷом, ҳамчунин маблағ дар ҳаҷми 7 ҳазор доллари ИМА тақдим карда мешавад. Дастаи мақоми дуюмро ишғолкарда бо 5 ҳазор ва дастаи ҷойи сеюм бо 3 ҳазор доллари ИМА мукофотонида мешаванд.








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






