Таъйини ҷазо барои зӯроварӣ нисбат ба кормандони милиса
Душанбе, 18.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Т.М. Танибеков ва Г.А. Саидбеков, сокинони деҳаи Тишори ҷамоати деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнони ВМКБ дар назди бинои ШВКД дар ноҳияи мазкур тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, кормандони милитсия Ф. Ё. Давлатов ва дигаронро, ки дар ҳолати иҷрои вазифаи хизматӣ қарор доштанд, таҳқир намуда, нисбат ба онҳо зӯроварӣ кардаанд.
Тавре ки аз маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, барои ин кирдор нисбат ба Т. М. Танибеков ва Г. А. Саидбеков аз ҷониби прокурори ноҳияи Шуғнон бо моддаҳои 237, қисми 2, бандҳои «б, в» (авбошӣ аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо нишон додани муқобилият ба намояндаи ҳокимият) ва 328, қисми 2 (истифодаи зӯроварӣ ббада муқобили намояндаи ҳокимият) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, номбурдагон дастгир шуданд.
Парвандаи ҷиноятӣ баъди анҷоми тафтишот ба суд ирсол гардида, бо ҳукми суд гунаҳкорон маҳкум шуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






