Талош барои рушди соҳаи парандапарварӣ

Август 22, 2016 17:25

Шаҳринав, 22.08.16. /АМИТ «Ховар»/. Дар корхонаи Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Парандапарварии  Шаҳринав» дар мавзӯи «Самтҳои афзалиятноки баланд бардоштани маҳсулнокии паранда  ва мубориза бо бемориҳои он» семинари илмию амалии минтақавӣ доир гардид.

Дар ҷамъомад сардори Корхонаи  воҳиди давлатии «Саноати парандапарварӣ»- и Вазорати кишоварзии ҶТ Машокир Назаров, директори Институти масоили амнияти биологӣ, доктори илми биология Шамсулло Турдиев, саркотиби илмии Академияи илмҳои кишоварзӣ, академик Давлатҷон Комилзода, муовини раиси ноҳияи Шаҳринав Фатҳулло Раҷабов оид ба рушди соҳаи парандапарварӣ, мушкилот ва роҳҳои ҳалли он, ташхис, табобат ва пешгирии бемориҳои сироятии паранда сухан гуфтанд.

Тибқи иттилои сардори Хадамоти назорати давлатии байтории ноҳияи Шаҳринав, номзади илми байторӣ Аслиддин Ҳамдамов чорводорон ва парандапарварони ноҳияи Шаҳринав таҷрибаи бои корӣ доранд.

Қаблан дар корхонаи парандапарварии Чиптура қариб 3 миллион мурғ парвариш меёфт. Фермаи чорвофарбеҳкунии ноҳия бо сарварии шодравон Наҷмиддин Аюбов, баландтарин натиҷаҳои истеҳсолиро ба даст оварда буд. Имрӯз низ вақти он расидааст, ки ҳамкории олимону мутахассисон бо чорводорону парандапарварон бо ҳам бештар гардад ва  ин соҳа рушд ёбад.

Август 22, 2016 17:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе