Талош барои рушди соҳаи парандапарварӣ
Шаҳринав, 22.08.16. /АМИТ «Ховар»/. Дар корхонаи Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Парандапарварии Шаҳринав» дар мавзӯи «Самтҳои афзалиятноки баланд бардоштани маҳсулнокии паранда ва мубориза бо бемориҳои он» семинари илмию амалии минтақавӣ доир гардид.
Дар ҷамъомад сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Саноати парандапарварӣ»- и Вазорати кишоварзии ҶТ Машокир Назаров, директори Институти масоили амнияти биологӣ, доктори илми биология Шамсулло Турдиев, саркотиби илмии Академияи илмҳои кишоварзӣ, академик Давлатҷон Комилзода, муовини раиси ноҳияи Шаҳринав Фатҳулло Раҷабов оид ба рушди соҳаи парандапарварӣ, мушкилот ва роҳҳои ҳалли он, ташхис, табобат ва пешгирии бемориҳои сироятии паранда сухан гуфтанд.
Тибқи иттилои сардори Хадамоти назорати давлатии байтории ноҳияи Шаҳринав, номзади илми байторӣ Аслиддин Ҳамдамов чорводорон ва парандапарварони ноҳияи Шаҳринав таҷрибаи бои корӣ доранд.
Қаблан дар корхонаи парандапарварии Чиптура қариб 3 миллион мурғ парвариш меёфт. Фермаи чорвофарбеҳкунии ноҳия бо сарварии шодравон Наҷмиддин Аюбов, баландтарин натиҷаҳои истеҳсолиро ба даст оварда буд. Имрӯз низ вақти он расидааст, ки ҳамкории олимону мутахассисон бо чорводорону парандапарварон бо ҳам бештар гардад ва ин соҳа рушд ёбад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






