Театри «Аҳорун» дӯстдоронро ба маҳфили шеъру мусиқии «Боди сабо» даъват мекунад

Август 12, 2016 15:37

Душанбе, 12.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Театри тамошобини ҷавон «Аҳорун»-и ба номи М. Қосимов  дӯстдорони савту садоро ба маҳфили шеъру мусиқии «Боди сабо» даъват мекунад. Маҳфил шоми имрӯз, 12 август дар толори театри мазкур баргузор мегардад.
Тавре ки роҳбари бадеии театри «Аҳорун»  Сабоҳат Қосимова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, маҳфил ба  25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.
«Барномаи мазкур аз омехтаи мусиқии суннатӣ, классикӣ,  поп ва қироати шеъру таронаҳо иборат мебошад.  Дар маҳфил ба ғайр аз ҳунармандони театр  навозандаи машҳур, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, сарояндаи мусиқии классики  «Шашмақом» Абдувалӣ Абдурашидов ва виолонавози варзида Шафақ Фаррухзод низ ширкат мекунанд»,-илова намуд Сабоҳат Қосимова.
Дӯсторони санъати воло имкон доранд, имрӯз,  12 август соати 17:00 дар маҳфили шеъри мусиқӣ  иштирок намоянд.

Август 12, 2016 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад