Театри «Аҳорун» дӯстдоронро ба маҳфили шеъру мусиқии «Боди сабо» даъват мекунад
Душанбе, 12.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Театри тамошобини ҷавон «Аҳорун»-и ба номи М. Қосимов дӯстдорони савту садоро ба маҳфили шеъру мусиқии «Боди сабо» даъват мекунад. Маҳфил шоми имрӯз, 12 август дар толори театри мазкур баргузор мегардад.
Тавре ки роҳбари бадеии театри «Аҳорун» Сабоҳат Қосимова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, маҳфил ба 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.
«Барномаи мазкур аз омехтаи мусиқии суннатӣ, классикӣ, поп ва қироати шеъру таронаҳо иборат мебошад. Дар маҳфил ба ғайр аз ҳунармандони театр навозандаи машҳур, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, сарояндаи мусиқии классики «Шашмақом» Абдувалӣ Абдурашидов ва виолонавози варзида Шафақ Фаррухзод низ ширкат мекунанд»,-илова намуд Сабоҳат Қосимова.
Дӯсторони санъати воло имкон доранд, имрӯз, 12 август соати 17:00 дар маҳфили шеъри мусиқӣ иштирок намоянд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






