Теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ 9 фоиз кам шудааст
Душанбе, 16.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар 7 моҳи соли равон 348 ҳазору 267 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар сафар намуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9 фоиз кам мебошад. Аз ин шумора қариб 47 ҳазор нафарро занҳо ташкил медиҳанд.
Бино ба маълумоти сармутахассиси Шуъбаи таҳлил ва маълумотдиҳии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рухшона Ёрмамадова, дар айни замон ба минтақаҳои гуногуни Федератсияи Русия 340 ҳазору 971 нафар, ба ҷумҳурии Қазоқистон 7 ҳазору 296 нафар шаҳрвандони мамлакат ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намудаанд.
Дар 7 моҳи соли ҷорӣ ба хориҷи кишвар бо корҳои шахсӣ, тиҷорат, саёҳат, сафари хизматӣ ва таҳсил 396 ҳазору 373 нафар шаҳрвандони мамлакат сафар намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 фоиз кам мебошад.
Дар ин муддат аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба ватан 193 ҳазору 768 нафар сокинони ҷумҳурӣ баргаштанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 фоиз кам мебошад. Аз он 35 ҳазору 800 нафарро занҳо ташкил медиҳад.
Бояд гуфт, ки баҳисобгирии рафти шаҳрвандон ба хориҷа ва бозгашт аз он дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008 амалӣ карда мешавад.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






